Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Trabzon °C

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ
REKLAM ALANI
25.12.2022
A+
A-

 

 

 

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ
24.12.2022  , шаҳри Душанбе

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд .

Таъмини рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид намуданд.

Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.

Дар рафти суҳбат Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Арабистони Саудӣ миннатдории хешро барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур иброз намуданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/29830?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
Arabic Arabic Chinese (Simplified) Chinese (Simplified) Dutch Dutch English English French French German German Italian Italian Portuguese Portuguese Russian Russian Spanish Spanish Turkish Turkish